Ссылки доступа

Пентагон: Эрон ду киштии ҳарбии ИМА-ро ҳабс кард


Тибқи иттилои Пентагон, Эрон ду киштии ҳарбии ИМА-ро ҳабс кардааст, аммо мақомоти Эрон ваъда кардаанд, ки дар наздиктарин фурсат сарнишинон раҳо хоҳанд шуд.

Намояндаи идораи мудофиаи Амрико Питер Кук ба хабаргузории Associated Press гуфтааст, киштиҳо дар обҳои миёни Қувайт ва Баҳрайн буданд, ки робита бо онҳо қатъ шуд. “Мо бо Эрон дар иртибот шудем, онҳо ваъда карданд, ки сарнишинон ва киштиҳоро раҳо хоҳанд кард”, - гуфтааст Питер Кук.

Муовини мушовири масоили амниятии президенти ИМА Бен Родес ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дастгоҳи президент барои ҳалли ин масъала талош дорад ва умедвор аст, ки ба хубӣ ҳал хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG