Ссылки доступа

Украина бо давр задани Русия ба Қазоқистон маҳсулот мефиристад


Мақомоти Украина гуфтанд, дар робита ба эмбаргои тиҷоратӣ, ки Кремл роҳандозӣ кард, бори нахуст бо давр задани Русия ба Қазоқистон маҳсулот мефиристанд.

Моҳи ҷорӣ мақомоти Русия дар посух ба имзои созишномаи Украина барои таъсиси тиҷорати озод ва анҷумани сиёсӣ бо Иттиҳоди Аврупо, таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.

Тавре вазири инфрасохтори Украина Андрей Пивоварский хабар дод, қарор аст таҷрибаи нахустини фиристодани корвони мошинҳои ҳомили маҳсулот тариқи Гурҷистон ва Озорбойҷон 15 январ шуруъ шавад.

XS
SM
MD
LG