Ссылки доступа

Дар вилояти Ҷалолобод теъдоди кӯдакони гирифтори бемории ВИЧ бештар мешавад


Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон теъдоди кӯдакони гирифтори ВИЧ меафзояд. Дар ин бора раҳбари маркази вилоятии пешгирӣ аз бемории СПИД Элмира Сатторова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ дар вилояти Ҷалолобод 74 кӯдаки сироятшуда ба бемории камбуди масуният сабт шудаанд. Агар дар соли 2015 дар вилоят танҳо 7 кӯдак ба ин беморӣ сироят шуда бошад, дар соли 2014 ин беморӣ танҳо дар 4 кӯдак ошкор шудааст.

Дар соли гузашта дар вилоят бемории ВИЧ дар хуни 90 нафар ошкор шуд, ки бештарашон мардҳо мебошанд. Ҳамагӣ дар вилояти Ҷалолобод 716 нафари гирифтори ВИЧ сабт шудааст, ки 164 нафари онҳо аллакай фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG