Ссылки доступа

Ба Раҳмон мехоҳанд мақоми президенти умрбод диҳанд


Тибқи тарҳи ислоҳоти Қонуни асосии Тоҷикистон, ки ҳоло дар порлумони кишвар баррасӣ мешавад, пешниҳод шудааст маҳдудияти синну соли номзадҳо ба вазифаи раиси ҷумҳур аз 35 то 30 сол камтар карда шавад.

Дар сурати қабули ин ислоҳот Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳури феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳақ пайдо мекунад, ки номзадии худро дар интихоботи президентии соли 2020 пешбарӣ кунад.

Рустами Эмомалӣ дар соли 2020 танҳо 33-сола мешавад ва тибқи Қонуни асосии феълӣ ҳақ надорад дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ номзад шавад. Тибқи қонунҳои феълӣ ҳар як шаҳрванди бузургтар аз 35 сола метавонанд дар интихоботи президентӣ номзад шавад. Гузашта аз ин, дар Қонуни асосӣ мушаххас шудааст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад пайиҳам танҳо ду маротиба ба мӯҳлати ҳафтсолӣ президент интихоб шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 раҳбарии кишварро дар даст дорад, тибқи муқаррароти Қонуни асосии кишвар ҳақ надорад дар интихоботи соли 2020 худро номзад кунад, аммо дар сурати қабули ин ислоҳот ин маҳдудиятҳо аз байн бурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG