Ссылки доступа

Билолов: «Ин парвандаи ҷиноӣ не, балки сиёсӣ аст»


Имрӯз дар Остона муҳокимаи парвандаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ширкаткунандаи гурӯҳи “Антигептил” Болатбек Билолов идома меёбад, ки дар барангехтани низоъ айбдор мешавад.

Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ, ки 13 январ шурӯъ шуд, додситон С.Абдулхолиқов гуфт, дар навори видеоии мусоҳибаи Билолов, ки дар Youtube нашр шудааст, нишонаҳои “барангехтани низоъ” дида мешавад.

Болатбек Билолов ба ин иддаои додситон розӣ нашуд ва гуфт, ки “ин парвандаи ҷиноӣ не, балкӣ парвандаи сиёсӣ аст”. Ба гуфтаи Билолов, чунин айбдоркунӣ талошест барои маҳрум сохтани вай аз озодӣ ва бадномкуниаш ба унвони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгари ҳуқуқи инсон.

Болатбек Билолов дар моҳи ноябри соли 2015 боздошт шуд. Ӯро дар содир кардани амалҳои барангезандаи низои иҷтимоӣ ва байниқавмӣ айбдор мекунанд. Ба иддаои тафтишот, ин амалҳоро вай ба таври оммавӣ бо истифода аз расонаҳо анҷом додааст.

Болатбек Билолов ҳамчунин ба унвони ҳимоятгари сокинони Остона дар муҳокимаҳои додгоҳӣ саршинос шудааст, ки аз вайрон кардани хонаҳои худ розӣ нестанд ва ё бо мушкили манзилӣ рӯбарӯ шудаанд. Вай ҳамчунин узви фаъоли гурӯҳи “Антигептил” аст, ки мухолифи партоби мушакҳои русӣ аз мушакпартоби Байконур дар Қазоқистон мебошад. Ин гурӯҳ мухолифат дорад, ки мушакҳои русӣ бо истифода аз маводи сӯхтии дорои тептил партоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG