Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ: таҳримҳои Эрон дар рӯзҳои наздик бардошта мешаванд


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, дар рӯзҳои наздиктарин таҳримҳои зидди Эрон лағв мешаванд.

Ба гуфтаи вай, Эрон чанд соат пас муҳаррики ҳастаии "Арак"-ро аз кор мебарорад, ки бо истифода аз оби вазнин кор мекунад. Ин яке аз вазифаҳои асоситарини Эрон тибқи созишномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрат мебошад.

"Дирӯз вазири корҳои хориҷии Эрон ба ман хабар дод, ки қисмати марказии реактори ҳастаии плутоний берун оварда шудааст ва то чанд соати дигар вай бо маҳлул пур карда шуда, сипас маҳв карда мешавад", - гуфт котиби давлатӣ. Вай афзуд, созишномаи ҳастаӣ, ки тибқи он Агентии байналмиллалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) бояд муътақид шавад, ки Эрон вазифаҳои худро иҷро кардааст, "рӯзҳои наздиктарин" амалӣ мешавад.

Ҷониби Эрон изҳор медорад, ки иҷрои ин созишнома дар тӯли ҳафта сурат хоҳад гирифт. Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаҳои дипломатӣ менависад, ки тасдиқи МАГАТЭ, нозири СММ дар бораи иҷрои вазифаҳои Эрон интизор меравад пагоҳ, рӯзи ҷумъаи 15 январ эълон шавад.

Теҳрон бархе аз вазифаҳои калидии худро тибқи ин созишнома иҷро кардааст. Аз ҷумла, миқдори чархаҳо дар корхонаҳои ғанисозии урани Фардо ва Натанз ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шуда, беш аз даҳ тонна урани ғанисозиаш андак ба Русия интиқол шудааст.

XS
SM
MD
LG