Ссылки доступа

Таркишҳои Ҷакарта чанд кушта ба бор овард


Ҳамлаҳо дар наздикии муассисаҳои ҳукуматӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ сурат гирифтанд.

Дар Ҷакарта чаҳор нафар дар чанд таркиш ҷон бохтанд ва дар миёни онҳо як маъмури пулис низ ҳаст.

Дар шаҳр амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон оғоз шудааст. Дастикам яке аз ҳамлагарон террористи маргталаб будааст. Хабаргузориҳои байналмилалӣ менависанд, ки ҳанӯз касе масъулияти ин таркишҳоро ба зимма нагирифтааст. Президенти Индонезия Ҷоко Видодо ин ҳодисаҳоро "амали террористӣ" унвон кард.

Тибқи иттилои аввалия, зимни ҳамла ба бахши пулис аз норинҷакҳо истифода шудааст. Дар гузоришҳои телевизионӣ аз Ҷакарта хабар дода мешавад, пулис биноеро муҳосира кардааст, ки эҳтимол дорад дар он ифротгароён панаҳ бурдаанд ва садои тирпарронӣ шунида мешавад. Дар ин бино қаҳвахонаи "Старбакс" низ воқеъ аст, ки дар пайи яке аз таркишҳо андаке вайрон шудааст.

Бар асоси иттилои ахир, чаҳор ҳамлагар кушта шудаанд.

Ба хотири таҳдиди фаъолшавии ҷангиёни исломӣ дар Индонезия пулис ба боздошти нафароне шурӯъ кард, ки дар иртибот бо гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" айбдор дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG