Ссылки доступа

Муҳокимаи парвандаи Савченко азсар гирифта шуд


Додгоҳ нахост ба маводи парванда далелҳоеро ворид кунад, ки ҳимоятгарони Савченко дар Украина дастрас кардаанд.

Дар додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростов нахустин ҷаласаи додгоҳии низомии украинӣ Надежда Савченко дар соли ҷорӣ баргузор шуд. Савченко дар қатли ду корманди шабакаи телевизионии Русия ва убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор дониста мешавад.

Хабарнигорон бо мушкил тавонистанд ба толори ҷаласаи додгоҳӣ ворид шаванд. Аммо ба онҳо бидуни тавзеъ иҷоза надоданд, ки аз Савченко аксбардорӣ кунанд. Хабарнигорон чунин тасмимро ба гуруснанишинии Савченко ба дунболи тамдиди навбатии мӯҳлати боздошташ, ки 17 декабр сурат гирифта буд, марбут медонанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳарчанд Надежда Савченко 15 килограмм вазни худро аз даст додааст, аммо вазъаш хуб аст ва ба идомаи муҳокимаи додгоҳӣ хушбин аст.

Ба гуфтаи вай, натиҷаи муҳокимаҳои рӯзи чаҳоршанбе ин худдорӣ аз ҳамроҳ кардани далелҳои ҳимоятгарони Савченко аст, ки дар Украина ҷамъоварӣ шудаанд. Аз ҷумла, ин далелҳо аз баёноти низомиёни артиши Украина дар бораи асир афтодани Савченко дар моҳи июни соли 2014 иборат аст. Додситонҳо зидди пайваст кардани ин ҳуҷҷатҳо ба маводи парванда шуданд ва иддао доштанд, ки ин ҳуҷҷатҳо аз роҳи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳарчанд ин ҳуҷҷатҳо ба парвандаи рабуда шудани Савченко дар Украина ворид карда шудаанд.

Таҳқиқоти ҷониби Русия иддао дорад, ки Надежда Савченко дар наздикии Луганск, ки дар он ҷо хабарнигорон кушта шудаанд, масири тирпаррониро мушаххас мекард. Айбдоршаванда ин иттиҳомро рад мекунад ва иддао дорад, ки он замон вай аз сӯйи ҷудоихоҳон асир гирифта шуда ва сипас ба Русия интиқол ёфтааст.

XS
SM
MD
LG