Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҳамарӯза заминларза мушоҳида мешавад


Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, сар аз декабри соли гузашта дар кишвар тақрибан ҳамарӯза заминларза ба қайд гирифта мешавад, аммо ин заминҷунбиҳо бо нерӯи камтар рух дода, “хатарнок” нестанд.

“Сокинон набояд нигарон бошанд”, - гуфт Раҳимӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе 14 январ.

Президенти Академияи илмҳо гуфт, кӯли Сарез аз заминларзае, ки охири моҳи декабр рух дод, осеб надидааст.

Ӯ заминларзаи моҳҳои охирро ба "пайдо шудани ҳаракати қишрҳои зеризаминӣ дар минтақа" рабт дод.

7 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон заминларзаи 7,2 баллӣ рух дод. Маркази ин заминларза дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб дар 360 километрии шарқи Душанбе ва дар 22 километрии кӯли Сарез буд.

Ду сокини маҳаллӣ қурбони ин заминларза шуданд ва садҳо манзил хароб гардид. Тибқи иттилои комисияи давлатӣ, ин заминларза 3,5 миллион доллар харобӣ овардааст.

Изҳороти роҳбари Академияи илмҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як рӯзи охир дар Осиёи Марказӣ чанд заминларза ба қайд гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG