Ссылки доступа

Кӯдакфурӯшӣ дар Ӯзбекистон


Далелҳои кӯдакфурӯшии ӯзбекон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он ба қайд гирифта шудааст.

Тавре нашрияи ӯзбекии “Ҳуқуқ” менависад, модари соҳиби 5 фарзанд Холида Зарифова, зимни машварат бо хоҳараш ба ин натиҷа расидааст, ки тифли навтаваллудшудаашро фурӯшад. Тибқи ин нақша, Зарифова мебоист аз фурӯши ин тифл 1800 доллари ИМА ва миёнарав Аҳророва бошад – 400 доллари ИМА ба даст меовард.

Аммо кормандони мақомоти қудратӣ муттаҳамонро боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардаанд.

Аммо ин ягона ҳодисаи кӯдакфурӯшӣ дар Ӯзбекистон нест.

Далелҳои кӯдакфурӯшии муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек дар Русия низ фаровон мушоҳида мешавад.

Ба бовари таҳлилгарон, фақр ва вазъи ногувори иқтисодӣ дар кишвар бисёре аз ӯзбеконро водор мекунад, ки кӯдакони худро фурӯшанд.

XS
SM
MD
LG