Ссылки доступа

Номи боздоштшудаҳои Туркия барои Русия ошкор гардид


Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, номи шаҳрвандони Русия, ки Туркия боздошт шудаанд, ошкор гардид.

-Мо номи ҳамаи боздоштшудаҳоро медонем, дар ин бора ҷониби Туркия иттилоъ дод. Фикр мекунам, бо гузашти чанде метавонем номи онҳоро барои ҷомеа ошкор кунем. Яке аз се нафари боздоштшуда дақиқан дар ҷустуҷӯ қарор дошт, - гуфт Захарова.

Қаблан ин намояндаи ВКХ Русия изҳор дошта буд, ки миёни русҳои боздоштшуда Айдар Сулаймонов низ ҳаст, ки дар Тотористон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИ таъқиб шуда буд. Вай гуфт, боздоштшудаҳо баъди таркиши Истамбул аз ҳамкорӣ бо мақомоти расмии Русия худдорӣ карданд. Захарова далели ин худдориро ба Айдар Сулаймонов рабт дод.

Тавре Захарова гуфт, алайҳи Сулаймонов 10 августи соли 2015 ғоибона барои ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” айб эълон шудааст. Баъди ин 25 ноябри соли 2015 Сулаймонов дар ҷустуҷӯи байналмилалии Интерпол қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG