Ссылки доступа

Давлат Чолов ба ДИ пайвастааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқии Тоҷикистон Қурбон Чолов ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” (ДИ) пайвастааст.

Дар бораи пайвастани Давлат Чолови 45 сола ба ДИ муовини раиси бахши вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Абдуқодир Мирзозода хабар дод.

Чунин тасаввуре вуҷуд дорад, ки оилаи Чоловҳо соли 1992 барои ба сари қудрат расидани президент Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карда, дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 аз нуфузи зиёде бархурдор буд. Соли 2014 Давлат Чолов зимни талоши парвоз ба Туркия боздошт ва ба зархаридӣ ба сафи ДИ айбдор шуд. Дертар ӯро баъд аз пардохти ҷарима, “пушаймонӣ” ва “ҳамкорӣ бо тафтишот” озод карданд. Сипас хешовандони Давлат Чолов хабар доданд, ки вай дубора ғайб задааст. Эҳтимол мерафт, ки вай озими Сурия шудааст.

Дар гузашта Давлат Чолов дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади миёни ин кишвар бо Афғонистон хизмат мекард. Баъд аз эълони айб дар бораи ғайб задани силоҳ Давлат Чолов дар Афғонистон панаҳ бурда буд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, беш аз 90 сокини минтақаи Кӯлоб дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия ва боз ҳашт нафари дигар дар Ироқ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG