Ссылки доступа

Қирғизистону Русия муҳлати будубоши шаҳрвандонро кам карданд


Ҳамакнун шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд дар қаламрави Русия бидуни сабти ном танҳо 30 рӯз қарор дошта бошанд.

Пештар онҳо метавонистанд дар Русия бе сабти ном 90 рӯз иқомат кунанд. Дар ин бора маркази матбуотии Идораи давлатии сабти ном дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, тибқи қарордоди 19 июни соли 2015 имзошуда, мӯҳлати ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон ва Русия дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар аз 90 то 30 рӯз коҳиш дода мешавад.

Ба ин тартиб, ҳамакнун шаҳрвандони Русия низ дар қаламрави Қирғизистон бидуни сабти ном метавонанд танҳо 30 рӯз қарор дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG