Ссылки доступа

Дар Сурия аз гуруснагӣ ҳамчун аслиҳаи ҷанг истифода мешавад


Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз ҷонибҳои даргир дар Сурия, бахусус аз нерӯҳои давлатӣ, дар муносибати “ғайриинсонӣ” ва “ваҳшӣ” бо аҳолии осоишта шадидан интиқод кард.

Дар изҳороти худ Пан Ги Мун роҳандозии гуруснагии сунъӣ дар шаҳрҳои муҳосирашударо ҷинояти ҷангӣ номид.

“Мехоҳам комилан мушаххас бигӯям, ки истифода аз гуруснагӣ ба унвони аслиҳаи ҷангӣ ин ҷинояти ҷангӣ аст. Аҳолии осоиштаро гаравгон номидан хеле нарм аст, зеро ҳатто ба гаравгонон ғизо медиҳанд”, - гуфт дабири кулли СММ.

“Намои даҳшатноки гуруснагон дар шаҳри Мадойин ин нишони аз байн рафтани инсонгарӣ дар ҷараёни ҷанг аст, ки аллакай аз муддатҳо қабл умқи ваҳшонияти инсониро ба намоиш гузоштааст”, - гуфт дабири кулл.

Имрӯз бо дархости Фаронса, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ баргузор мешавад, ки дар он гузориш дар бораи вазъи 400 ҳазор суриягӣ дар шаҳрҳои муҳосирашуда матраҳ мешавад. Аз ин теъдод 200 ҳазор дар минтақаҳое қарор доранд, ки таҳти назорати ДИ ҳастанд ва 180 ҳазор нафар дар минтақаҳои таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ ва боқимонда дар маҳалҳои таҳти назорати мухолифон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG