Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз Арабистони Саудӣ ҳимоят кард


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар ихтилофи Арабистони Саудӣ бо Эрон дар робита ба қатли чеҳраи саршиноси шиамазҳаб аз Арабистон ҳимоят карда, ҳамзамон ҳар ду ҷонибро ба ҳалли ихтилоф аз роҳи дипломатӣ даъват кард.

Котиби давлатии ИМА бо вазири корҳои хориҷии саудӣ Абдул ал-Ҷубейр дар Лондон мулоқот дошт.

Вай аз ҷумла гуфт, кишварҳои Ховари Миёна набояд ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мудохила кунанд ва афзуд, ки Риёз Эронро дар барангехтани нооромиҳо дар миёни шиамазҳабони шоҳигариҳои суннимазҳаби халиҷи Форс айбдор мекунад.

Ҷаноби Керрӣ ба афзалиятҳои роҳҳои дипломатӣ ишора кард. Худи вай чанд рӯз пеш бо вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф дар мавриди озодии 10 маллоҳи амрикоӣ, ки онҳоро Теҳрон асир гирифта буд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол Эрон иҷрои шароити созишнома бо кишварҳои абарқудрат дар мавриди барномаи ҳастаии худро анҷом медиҳад. Иҷроиши бандҳои созишнома дар рӯзҳои наздиктарин анҷом шаванд ва Эрон фоидаи зиёди иқтисодиро соҳиб мешавад.

Арабистони Саудӣ аз ин созишнома чандон хушбин нест ва интизори қудратёбӣ ва ҳадафхоҳии бештари Эрон аст.

XS
SM
MD
LG