Ссылки доступа

Дар Туркманистон корхонаҳои давлатӣ ба ҷои маош гӯсфанд медиҳанд


Дар Туркманистон ба далели мушкилоти молӣ ва камбуди пули нақд дар бархе аз корхонаҳои давлатӣ таъхир дар додани маош мушоҳида мешавад.

Дар корхонаи давлатии “Туркменмаллари” (“Ҳайвоноти Туркманистон”) ба додани маош бо гӯсфандҳо шуруъ карданд, хабар медиҳад бахши туркмании радиои “Озодӣ”.

Салим, иҷоракори як маҷмаи молнигаҳкунӣ дар вилояти Аҳал гуфт, корхонаи давлатӣ пули нақд надорад ва ба ин сабаб кормандон ба ҷои пули нақд маошро бо гӯсфандҳо мегиранд.

Гуфта мешавад, ки пардохти маош аз рӯйи ченаки “як гӯяфанд баробари 270 манат” сурат мегирад. “Як гӯсфанд тахминан 16-18 килограмм гӯшт дорад. Кормандон маҷбуранд маошро бо гӯсфанд бигиранд. Дигар чӣ кор ҳам карда метавонанд?”, - мегӯяд Салим.

Ба гуфтаи вай, сипас мардум гӯсфандҳоро дар бозор мефурӯшанд ва аз ин роҳ пули нақдро соҳиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG