Ссылки доступа

Қирғизистон қарзи гази Қазоқистонро пардохт


Ширкати “Газпром Қирғизистон” қарзи “КазТрансГаз”-ро пардохт кард, хабар дод ширкати қазоқистонӣ.

Қарзи 41,6 миллион долларӣ давоми солҳои 2004-2014 ҷамъ шуда буд. Ширкати қазоқистонӣ аз Қирғизистон талаб кард, ки қарзашро баргардонад. Ин масъала додгоҳӣ шуда буд.

Ширкати русии “Газпром”, ки ширкати давлатии “Қирғизгаз”-ро дар соли 2014 харида буд, қарзи мазкурро пардохтааст. Баъди ду соли гуфтушунидҳо “Газпром Қирғизистон” қарзи 41,6 миллион доллариро ба Қазоқистон пардохт.

XS
SM
MD
LG