Ссылки доступа

Рустами Эмомалӣ дубора президенти ФФТ шуд


Вакилони конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, Рустами Эмомалиро дубора президенти ФФТ интихоб карданд.

Рустами Эмомалӣ чаҳор сол аст, ки федератсияи миллии футболро роҳбарӣ мекунад.

Зимни суханронӣ дар конфронс Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти ФФТ дар солҳои 2012-2015 натиҷагирӣ кард ва нақшаҳои 4 соли ояндаро пешниҳод намуд.

Рустами Эмомалӣ дар моҳи январи соли 2012 бори аввал президенти ФФТ интихоб шуд. Вай дар ин мақом Суҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти Халқии Тоҷикистонро, ки 10 сол роҳбари федератсияи футбол буд, иваз кард.

XS
SM
MD
LG