Ссылки доступа

Каримов ният дорад пулҳои Гулнораро аз Аврупо баргардонад


Ҳукумати Ӯзбекистон талош дорад, бештар аз 1 миллиард доллари Гулнора Каримова, духтари президентро, ки дар бонкҳои Аврупо ҳабс шудааст, баргардонад.

Тавре нашрияи шветсарии L'Hebdo дар мақолае зери унвони “Падар Каримов мехоҳад пулҳои шоҳдухтарҳояшро баргардонад” навиштааст, ҷониби Ӯзбекистон ба вазорати адлияи ИМА муроҷиат кардааст, афроде, ки дар ҷиноятҳои молӣ даст доштанд, кайҳо ба маҳкама кашида шуданд ва кишвар қурбони фасодкории онҳо шудааст.

Муаллифи ин матлаб Франсуа Пиле менависад, барои баргардонидани пулҳо аз Аврупо ҳукумати Ӯзбекистон вакилони ширкати Holwell Shuster&Goldberg-ро киро карда, 4 январи имсол ба судяи додгоҳи Ню-Йорк Эндрю Картер мактуб ирсол кардааст.

“Дар мактуб омадааст, ки пулҳои ҳабсшуда дар бонкҳо, ки миқдораш аз 500 миллион доллар бештар аст, ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Ва ин кишвар бевосита қурбони амалҳои бархе аз соҳибкорон шудааст. Аммо дар ин мактуб номи Гулнора Каримова зикр нагардидааст. Дар мактуб номи ёвари Гулнора – Гаяне Авакян ва дӯстписараш Рустам Мадумаров, Баҳодур Эргашев ва дигарон оварда шудааст”, - менависад муаллиф.

Акнун мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ин афрод, ки ба фасодкорӣ даст доштанду пулҳои зиёдеро аз бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ карданд, маҳкум шудаанд. Аз ин рӯ, пулҳо бояд ба Ӯзбекистон баргардонида шавад, менависад рӯзноманигор Франсуа Пиле.

XS
SM
MD
LG