Ссылки доступа

Қирғизистон Белорусро мағлуб кард


Тими мунтахаби наврасони Қирғизистон (U-22) дар даври аввали Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17 то 23 январ дар Санкт-Петербург доир мешавад, бар тими мунтахаби Белорус бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Тӯпи ягонаи ин бозиро дар дақиқаи 39 Аҳлиддин Исроилов ба дарвозаи рақибон ворид кард.

19 январ қирғизистониҳо бо Молдова бозӣ мекунанд. Дар даври ниҳоӣ Қирғизистон бо Қазоқистон бозӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ин бори 24 аст, ки мусобиқа доир мешавад.

Маросими тантанавии кушоиши мусобиқа 17 январ барпо шуд ва ҷамъбасташ 23 январ доир хоҳад гардид.

XS
SM
MD
LG