Ссылки доступа

Истеҳсоли пахта дар Ӯзбекистон коҳиш меёбад


Ӯзбекистон нақша дорад дар чаҳор соли оянда истеҳсоли пахтаро аз 3 миллиону 350 ҳазор тонна то 3 миллион тонна коҳиш диҳад.

Дар ин бора ахиран президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ҷараёни ҷаласаи васеи девони вазирон дар Тошканд эълон кард.

Ба гуфтаи Каримов, чунин иқдом ба пойин рафтани нархи пахта ва коҳиши талабот ба он дар бозори ҷаҳонӣ марбут аст.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон зикр кард, дар 170,5 ҳазор гектар замине, ки аз ҳисоби накоштани пахта озод мешавад, пеш аз ҳама барои кишти сабзавот, аз он ҷумла картошка, маводи хӯроквории чорво, маҳсулоти равғандор, таъсиси боғҳо ва токзорҳо истифода мешавад.

Пахта маҳсулоти асосии содиротии Ӯзбекистон аст ва аз роҳи ҷалби оммавии мардум барои чинаки он ҷамъоварӣ мегардад.

Ҳамасола созмонҳои байналмиллалӣ мақомоти Ӯзбекистонро барои истифодаи маҷбурии нерӯи корӣ ба ҳангоми ҷамъоварии пахта интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG