Ссылки доступа

Ҳамаи ниҳодҳои давлатии Русияро ба сарфакорӣ даъват карданд


Дар соли 2016 дар сурати расидани арзиши як бушка нафт ба 25 доллар, ба будҷаи Русия 3 триллион рубл камтар маблағ ворид мешавад.

Дар ин бора вазири молияи Русия Антон Силуанов дар барномаи телевизионии “Навиди рӯзи шанбе бо Сергей Брилев” хабар дод. Ба гуфтаи вазир, агар харҷҳоро камтар накунем, имкон дорад пулҳои Бунёди захиравӣ ва маблағҳои сармоягузоринашудаи Бунёди миллии рушд комилан аз даст мераванд. Зеро онҳо бо дарназардошти арзиши 50 долларии як бушка нафт таҳия шудаанд.

Интизор меравад, ки вазорати рушди иқтисодӣ ин нишондодро то 40 доллар коҳиш диҳад, аммо аллакай нархи нафт аз 27 доллар барои як бушка пойинтар шудааст, гуфт вазир.

Силуанов хабар дод, ки вазорати молия ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, то хароҷоти худро 10 фоиз камтар кунанд. Дар сурати иҷрои ин дастур, дар соли ҷорӣ 512 миллиард рубл бояд сарфа карда шавад. Дар ҳамин ҳол вазир таъкид кард, ки сарфаи харҷҳои будҷа ба ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ рабт надорад.

XS
SM
MD
LG