Ссылки доступа

Ду Корея ба зидди ҳамдигар таблиғот мекунанд


Сеул имрӯз гуфт, ки дар ҳафтаи гузашта Пхенян ба қаламрави Кореяи Ҷанубӣ қариб як миллион дона варақаҳои таблиғотӣ партофтааст.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ки барои партоби варақаҳо тавассути сарҳади Кореяи Шимолӣ аэростатҳои бо гелий пуршуда истифода мешаванд. Пештар Кореяи Ҷанубӣ пахши барномаҳои радиоӣ бо сурудҳои машҳури Кореяи Ҷанубӣ ва хабарҳои таблиғотиро азсар гирифта буд.

Ду кишвар маъракаи таблиғотии тарафайнро дар пасманзари баёнияи 6 январи Пхенян дар мавриди анҷоми муваффақонаи озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ азсар гирифтанд. Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, ки баёнияи Пхенян бо далелҳои мавҷуда мувофиқат намекунад.

Ба изофаи пахши барномаҳои таблиғотӣ тавассути баландгӯякҳо Кореяи Ҷанубӣ фикри насби билбордҳо ё телевизионҳои бузурге дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Кореияи Шимолиро дорад, ки тавассути онҳо маводҳои таблиғотӣ намоиш дода шаванд. Кореяи Ҷанубӣ соли 2004 интиқоли варақаҳои таблиғотӣ аз сарҳадро қатъ карда буд, аммо бархе аз созмонҳои хусусӣ ин таҷрибаро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG