Ссылки доступа

Як фоизи аҳолии сарватманди сайёра


Тибқи пажӯҳиши ахири созмони байналмиллалии Oxfam, дороиҳои як фоизи аҳолии сарватманди ҷаҳон бештар аз тамоми моликияти қисмати боқимондаи сайёра мебошад.

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш дар ҳамоиши Байналмиллалии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария муаррифӣ шуд.

Бар асоси таҳқиқоти Oxfam, дороиҳои 62 сарватмандтарин одамони сайёра баробари моликияти 3,5 миллиард одамони нодори сайёра дар маҷмӯъ мебошад. Аз соли 2010 то ҳоло дороиҳои ин 62 нафар 44 фоиз бештар шудааст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки қариб нимаи одамони сарватмандтарин шаҳрвандони ИМА, 17 нафар аз Аврупо ва боқимондаҳо аз кишварҳое мисли Чин, Бразилия, Мексика ва Ҷопон мебошанд.

Дар ҳисоботи ин созмон зикр шудааст, ки қисмате аз маблағҳои ҷамъшуда, ки ҳаҷмаш қариб 7,6 триллион доллар мебошад, ба ҳисобҳои бонкии минтақаҳои афшор марбут аст. Агар аз ин маблағҳо андоз супорида шавад, ҳукумати кишварҳои ҷаҳон имкон меёфтанд, маблағи изофии баробари қариб 190 миллиард долларро дар ихтиёр дошта бошанд.

Дар ҳамин рӯз СММ гузоришеро нашр кард, ки тибқи он маблағи харҷҳои изофӣ барои кумак ба қурбониёни даргириҳо ва ҳолатҳои фавқуллода қариби 15 миллиард доллар мешавад. Дар ин гузориш СММ машварат медиҳад, ки ин камбуди маблағ барои кумакҳои башардӯстонаро тавассути роҳандозҳои андозҳои ихтиёрӣ барои харидории чиптаҳо ба контсертҳо ва бозиҳои футбол ва ҳамчун аз рӯй овардан ба наҳваи сармоягузории исломӣ ва ҷамъоварии садақаҳо ҷуброн карда шавад.

XS
SM
MD
LG