Ссылки доступа

Пайвастани тоҷикон ба ДИ кам мешавад


Теъдоди тоҷиконе, ки ба "Давлати исломӣ" мепайванданд, кам мешавад. Шумори умумии сокинони Тоҷикистон, ки ба ДИ пайвастаанд, 500 нафарро ташкил медиҳад.

Барои мисол, аз вилояти Суғд 110 сокин ба гуруҳи тундгаро ҷалб шудааст.

Аз рӯи шумори ҷалбшудаҳо дар ин вилоят ҷои аввалро ноҳияи Исфара ишғол мекунад, мақоми дувумро ноҳияи Спитамен, ки аз ин ноҳия 37 сокин ба Сурия рафтаанд.

Дар ноҳияи Спитамен мақомоти маҳаллӣ барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурҳҳои ифротӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ ба роҳ мондаанд. Раиси ноҳия Ориф Қодирзода гуфт, сокинони камбизоат бештар ба таблиғоти ифротгароён дода шудаанд. Бисёре аз камбизоатон ба Русия рафта, он ҷо ба доми таблиғоти террористон меафтанд.

Аммо сокинони ин ноҳия бори охир ду сол пеш ба Сурия рафтаанд, ҳоло чунин далелҳо тақрибан ба қайд гирифта намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар соли 2015 мубориза бо тундгароиву терроризмро тақвият дод.

Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" соли 2013 дар шаҳри Раққаи Сурия таъсис шуд. Ин ҳаракат вориси созмони "Давлати исломии Ироқ" аст, ки соли 2006 пайдо гардидааст.

XS
SM
MD
LG