Ссылки доступа

Дар Марокаш як омили таркишҳои Париж боздошт шуд


Мақомоти Марокаш аз боздошти шаҳрванди Белгия, ки бевосита бо афроде, ки таркишҳои Парижро дар моҳи ноябр роҳандозӣ карданд, робита дорад, хабар медиҳанд.

Дар хабари вазорати корҳои дохилии он кишвар омадааст, ки ин нафар 15 январ дар Касабланка боздошт шудааст. Хабар дода мешавад, вай дар Сурия ҳузур дошта ва ба гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст.

Дар натиҷаи силсилаи ҳамлаҳои 13 ноябр дар Париж 130 нафар кушта ва наздики 350 каси дигар ҷароҳат бардошт. Ҳафт террорист кушта шуда буд. Пулис то кунун ҳаммаслакони террористонро меҷӯяд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Баъди ҳодисаи хунини Париж нерӯҳои ҳавоии Фаронса ба мавзеҳои ДИ дар Сурия ҳамлаи ҳавоиро оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG