Ссылки доступа

Ҳалли баҳси марзӣ дар доираи эъломияи Алмато


Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи созишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро омода кардааст, ки ба парлумони кишвар хоҳад фиристод.

Солҳои тӯлонӣ ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон наметавонистанд дар масъалаи қитъаҳои баҳсии марзи муштарак бо ҳамдигар забон ёбанд.

Намояндагони ҳукумати Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта лоиҳаи созишномаро баррасӣ карданд. Он замон ба қароре расиданд, ки созишномаро ба имзо расонанд. Дар сатҳи ҳукуматҳо хати марз дар дарозои 520 километр муайян гардид.

Пештар Тоҷикистону Қирғизистон ба хулоса расиданд, ки баҳси марзиро на дар асоси харитаҳои солҳои пешин, балки дар асоси эъломияи Алмато ҳал кунанд. Тибқи эъломияи Алмато аз соли 1991, ҳар кадом ҷумҳурӣ соҳиби марзҳое хоҳад шуд, ки ҳангоми ба даст овардани истиқлолият дар ихтиёр дошт. Дар назар аст, ки қиътаҳои баҳсӣ дар алоҳидагӣ баррасӣ шаванд. Ин қитъаҳо мубодила мешаванд ва ё дар мавридашон чораҳои дигар андешида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG