Ссылки доступа

Рубл то ба сатҳи охири соли 2014 пойин омад


Арзиши асъори русӣ, ки дар пайи поин рафтани қимати нафт қурбашро аз даст медиҳад, то ба сатҳи охири соли 2014 – 79,2 рубл барои як доллар пойин омад.

Уфти охир 1,7 дарсад буд. Дар ҳамин ҳол евро бо қимати 86 рубл фурӯхта мешавад. Ин пойинтарин сатҳ дар таърихи асъори Русия аст.

18 январ дар робита ба бардоштани таҳримҳои Эрон арзиши нафт барои як бушка аз 28 доллар пойинтар омад. Теҳрон гуфт, ният дорад ҳамарӯза то 500 ҳазор бушка нафт ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунад. Ба асъори русӣ ҳамчунин таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ, ки барои ширкати Русия дар низои Украина эълон шудаанд, таъсир доштанд.

XS
SM
MD
LG