Ссылки доступа

Додгоҳи олӣ: мақомот исёнро пешгирӣ карда натавонистанд


Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар натавонистаанд аз вуқӯи ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 пешгирӣ кунанд.

Шоҳиён мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро ба "камбудӣ" муттаҳам кард.

Шоҳиён афзуд, ҳукумати Тоҷикистон алайҳи масъулони ниҳодҳои қудратӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ саҳлангорӣ карданд, чораҳои интизомӣ андешидааст.

Раиси Додгоҳи олӣ, инчунин, гуфт, дар ҷараёни бозрасии парвандаи генерал Абдуҳалим Назарзода, ширкати бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ ва фаъолони дигари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин исён рӯшан шудааст. Ба қавли Шоҳиён, аз ҷумла, раҳбари ҲНИТ исёни генерал Назарзодаро сармоягузорӣ кардааст.

Ӯ гуфт, феълан парвандаи ҷиноятӣ оид ба ин исён барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ворид шуда, дар Додситони кулли кишвар бозрасии парвандаи фаъолони ҲНИТ идома дорад.

XS
SM
MD
LG