Ссылки доступа

Vimpelcom барои қатъи “парвандаи ӯзбекӣ” ҷубронпулӣ пешниҳод кард


Мудирияти ширкати мухобиротии Vimpelcom ltd. (дар Русия ин ширкат бо номи “Билайн” фаъолият мекунад) бо мақомоти амрикоӣ музокирот анҷом медиҳад.

Ҳадафи ин музокирот ҳалли сулҳомези “парвандаи ӯзбекӣ” аст, ки фаъолияти ин ширкат дар Ӯзбекистон ва додани ришваҳо ба духтари президент Гулнора Каримоваро фаро мегирад. Дар ин бора “Ведомости” бо истинод ба ду нафари наздик ба ин ширкат хабар медиҳад.

ИМА фаъолияти Vimpelcom дар Ӯзбекистонро ба далели тиҷорати ин ширкат дар фурӯшгоҳи NASDAQ таҳқиқ мекунад.

Ёдовар мешавем, бори нахуст соли 2012 хабарҳо дар бораи маблағҳои шубҳанок, ки чанд ширкати мухобиротӣ ба суратҳисобҳои ширкатҳои вобаста ба Гулнора Каримова мегузарониданд, пайдо шуданд. Баъд аз як сол дар ИМА ва чанд кишвари аврупоӣ таҳқиқи ин парвандаҳо оғоз шуданд. Ширкатҳои TeliaSonera, VimpelCom ва МТС-и Русия мавриди шубҳа қарор гирифтанд.

Ба иддаои коршиносони арсаи молия, дар маҷмӯъ духтари раиси ҷумҳур қариб 1 миллиард доллар ришва дарёфт кардааст. Бархе аз ин маблағҳо барои харидории дороиҳо, аз ҷумла ҳавлии гаронарзише дар Швейтсария сарф шудааст.

Дар ҷараёни таҳқиқот мақомоти ИМА аз ҳамтоёни худ дар Аврупо даъват карданд, ки суратҳисобҳои марбут ба оилаи президенти Ӯзбекистон бо маблағи қариб як миллиард долларро бубанданд. Қисмати бузурги ин маблағ, ки 800 миллион франки швейтсарӣ аст, дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст ва ҳоло Ӯзбекистон талош дорад, ки ин маблағҳоро аз ҳабс озод созад.

XS
SM
MD
LG