Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муаллимае аз таънаи “писари ифротиаш” худкушӣ кард


14 январ муаллимаи 53 солаи забон ва адабиёти ӯзбек дар мактаби №100 шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё Шаҳодат Баҳодирова дар ҳоли дар дор овезон дар манзилаш пайдо шуд.

Ба гуфтаи ҳамкорон ва ҳамсоягонаш, баъди ба ифротгароӣ айбдор шудани писараш, Шаҳодат Баҳодирова зери фишори кормандони Идораи амнияти миллӣ (ИАМ) ва раҳбарияти мактабаш қарор дошт. Онҳо мегӯянд, ки муносибати таҳқиронаи онҳо метавонист сабаби ба худкушӣ даст задани ин зан шуда бошад.

- Баъд аз он, ки писари Шаҳодат равонаи зиндон шуд, мудири мактабе, ки дар он ҷо ин зан кор мекард, ӯро ба назди худ даъват карда, бо суханҳои “писарат ифротгаро аст” таҳқир мекард. Сипас вай ин занро аз кор озод кард. Ҳамчунин духтари Баҳодирова аз донишгоҳ ихроҷ шуд. Ин занро пайваста ба мақомот даъват карда, пурсуҷӯ мекарданд. Дар ниҳоят вай худкушӣ кард. Пеш аз маргаш вай дар ин бора дар навиштаҷоти хайрбодиаш зикр кардааст, - гуфт яке аз ҳамкорони муаллимаи худкуш.

Раҳбари Гурӯҳи фаъолони дифоъ аз ҳуқуқи башари Ӯзбекистон Сурат Икромов мегӯяд, ки мавриди таҳқир қарор додани хешовандони зиндониёни мазҳабӣ дар Ӯзбекистон як таҷрибаи маъмулӣ аст.

XS
SM
MD
LG