Ссылки доступа

Оҳангудозон афзоиши маошро талаб мекунанд


Оҳангудозон ва истихроҷкунандагони ширкати “Арселор Миттал Темиртау”, бузургтарин ширкати оҳангудозии Қазоқистон, ба сабаби беқурбшавии танга афзоиши маошро талаб мекунанд.

Раҳбарияти ширкат мегӯяд, ки бӯҳрон дар бозорҳои ҷаҳонии фурӯши маҳсулот имкон намедиҳад, ки ин дархост иҷро шавад.

Фаъолони ҳуқуқи коргарон мегӯянд, агар дар гузашта, ки қурби доллар аз 150-170 танга бештар набуд, маоши коргарон (аз 50 то 200 ҳазор танга) тоқатфарсо буд. Аммо баъд аз беқурбшавии пули миллӣ ва афзоиши қиммати маводи масраф маоши коргарон андак шудааст. Қурби расмии доллар ҳоло тахминан 360 танга шудааст, яъне дар як соли ахир танга қариб ду маротиба арзиши худро аз даст додааст.

Ба иттиҳодияҳои коргарии шаҳри Темиртау аз коргарон дархостҳо дар бораи дар назди корфармоён масъалагузорӣ кардани афзоиши маош ворид мешаванд. Дар иттиҳодия коргарии оҳангудозон ва истихроҷкунандаҳои ангиштсанг мегӯянд, ки барои афзоиш маош асос вуҷуд доранд. Беқурбшавии танга вазъи молии ширкатҳоро ба таври қобили мулоҳиза аз ҳисоби суди содироти оҳан беҳтар кардааст. Аммо ҳамзамон вазъи молии коргаронро бадтар сохтааст, мегӯянд дар иттиҳодияи коргарӣ. 14 январ мавзӯъи афзоиши маош дар ҷаласае дар Остона бо ширкати фаъолони иттиҳодияҳои коргарӣ баррасӣ шудааст.

Оҳангудозон мегӯянд, ки бояд тавофуқот дар бораи бознигарии маош, ки моҳи августи соли 2015 миёни намояндагони раёсат ва иттиҳодияи коргарӣ ба даст омадааст, риоя шавад. Он замон тасмим шуда буд, ки дар пайи тағйири қурби танга дар нисбати доллар ҳамзамон иқдомҳое барои афзоиши маош рӯйи даст гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG