Ссылки доступа

Украина аз ташаннуҷи вазъият дар Донбасс нигарон аст


Украина расман Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бораи талошҳои Русия ва ҷудоихоҳон барои муташанниҷ кардани вазъият дар Донбасс огаҳ кардааст.

Дар ин бора сомонаи интернетии намояндагии ин кишвар дар ин созмони байналмиллалӣ хабар медиҳад.

Украина мехоҳад “таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба муносибати хунукназаронаи Русия ба қарордоди Минск ва ҷавобгарии комилаш ба вазъияти ба амал омада дар минтақаҳои ҷудогонаи вилоятҳои Донетск ва Луганск ҷалб созад”, омадааст дар хабар.

Дар ин хабар зикр мешавад, ҳарчанд дар дидори ахири Гурӯҳи тамоси сеҷониба дар бораи оташбас қарор қабул карда шуд, аммо миқдори иғвогариҳои низомӣ зидди низомиёни украинӣ афзоиш меёбад. Дар хабар дар бораи 48 мавриди тирпарронӣ ба сӯйи мавзеъҳои артиши Украина ва муассисаҳои мулкӣ дар таърихи 17 январ ва 36 ва 40 мавриди дигар дар рӯзҳои пешина гуфта шудааст.

Ба эътиқоди Киев, ин иғвогариҳо ҳамаи талошҳои Украина ва ҷомеаи байналмиллӣ барои барқарор кардани сулҳу суботро ба сифр баробар карда, “амалан иҷрои қисмати ҳалли сиёсии ин қазияро ғайримумкин месозанд”.

XS
SM
MD
LG