Ссылки доступа

Дар Вашингтон мулоқоти мақомоти ӯзбек бо ҳамтоёни амрикоӣ баргузор мешавад


Имрӯз дар пойтахти ИМА шаҳри Вашингтон давраи навбатии машваратҳои сиёсии миёни Амрико ва Ӯзбекистон оғоз мешавад.

19-21 январ дар ин ҷо баргузории дидорҳои мақомҳои амрикоӣ бо намояндагони раҳбарияти Ӯзбекистон низ дар назар аст.

Ба ҷуз аз ин, ҳайати Ӯзбекистон дар Департаменти давлатии ИМА ва чанд ниҳоди дигар дидорҳои дуҷониба ва мулоқотҳое анҷом медиҳад.

Интизор меравад, мақомоти ИМА бо мақомҳои ӯзбек масъалаҳои ширкати фаъолонаи Ӯзбекистон дар мубориза бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар сафи эътилофи густурдаи байналмиллалӣ, вазъият дар Афғонистон ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар муқобила бо терроризми байналмиллалиро баррасӣ кунад.

Дар остонаи ин дидор созмони байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсони Human Rights Watch баёнияе интишор карда, аз ИМА хост, ки ба Ӯзбекистон дар мавриди муносибати хушунатомез бо маҳбусони сиёсӣ фишор оварад.

Гузориши ҳамасолаи Департаменти давлатии ИМА дар мавриди Ӯзбекистон мавридҳои зиёди вайрон шудани ҳуқуқи инсон аз сӯйи ниҳодҳои давлатиро эътироф мекунад. Аммо раҳбарияти ИМА ба хулосае расида, ки сӯҳбатҳои мутақобил бидуни пайёмадҳои ҷиддӣ барои поймолшавии ҳуқуқи инсон авлотар аст, омадааст дар баёнияи созмони Human Rights Watch.

XS
SM
MD
LG