Ссылки доступа

Шаҳрванди Ӯзбекистон дар Сариағаш боздошт шуд


Сарҳадбонони Қазоқистон як шаҳрванди Ӯзебкистонро бо гумони тағйир додани муҳри варақаи муҳоҷирӣ боздошт карданд, хабар медиҳанд мақомоти қудратии Қазоқистон.

Ин шаҳрванд шаби душанбе ба сешанбеи 19 январ дар нуктаи гузаргоҳии «Жибек жоли» боздошт шуд.

Пештар сарҳадбонони Қазоқистон бо гумони муҳрҳои тақаллубии шӯъбаи пулиси муҳоҷират 8 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карда буданд.

Ин шаҳрвандон ҳафтаи гузашта дар ҳамин нуктаи гузаргоҳӣ боздошт шуданд.

«Шаш нафари эшон аз сӯи бахши сарҳадбонии «Капланбек» бо муҳрҳои тақаллубӣ, ки ба онҳо ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро то 17 январ медод, боздошт гардиданд. Як зану марди дигар бо муҳрҳои тақаллубӣ дар шиносномаҳояшон, ки ба эшон ҳаққи то 28 январ дар ҳудуди Қазоқистон зиндагӣ карданро медод, аз сӯи сарҳадбонони нуктаи гузаргоҳии Қазигурт боздошт шуданд», - омадааст дар хабари мақомоти қудратии Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG