Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд то соли 2030 шикори ҳайвонотро манъ кунанд


Вакилони порлумон Эмил Токтошев аз ҳизби «Ата Мекен» ва Жанар Акаев аз Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон пешниҳод карданд, ки шикори ҳайвонот дар Қирғизистон то соли 2030 манъ шавад.

Миқдори ҳайвонот дар 20 соли ахир ба таври назаррас коҳиш ёфта, бархе аз ҳайвонҳои шикоршаванда дар маҳаллаҳои маъмулӣ аслан дида намешаванд. «Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ зиёд дида мешавад, ки сайди ҷонварон манъ карда мешавад. Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ сайди навъҳои ҷонварҳои ҷудогона манъ шуда, дар баъзе аз кишварҳои африқоӣ кулли шикор ва тиҷорати сайдҳо тӯли даҳсолаҳо манъ шудааст», - мегӯянд вакилони порлумон.

Тарҳи ин қонун ҳоло ба баррасии ҷомеа пешниҳод шудааст.

Қаблан дар даъвати пешинаи Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон чунин тарҳи қонун аз сӯйи бархе вакилон пешниҳод шуда буд, аммо сипас он рад шуд.

XS
SM
MD
LG