Ссылки доступа

Давос: инқилоби чоруми саноатӣ


Дар Давос (Швейтсария) имрӯз Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ кушода мешавад.

Тавре роҳбари анҷуман Филипп Рёслер ба оҷонсии Reuters гуфтааст, мавзуи асосии имсола – чаҳорумин инқилоби саноатӣ хоҳад буд, ки маънои ба ҳам пайвастани саноати классикӣ бо технологияи рақамӣ, роҳҳои ҳалли фаврии масоили инсонӣ, аз ҷумла кумак ба гурезагон ва сабабҳои хуруҷи дастаҷамъии муҳоҷиронро дорад.

Анҷумани ҷаҳонии саноатӣ – созмони ғайридавлатии швейтсарӣ аст, ки наздики ҳазор ширкат ва созмонҳои гуногунро аз саросари ҷаҳон ба ҳам меорад ва ҳамасола чунин анҷуманҳоро ташкил мекунад, ки тоҷирони муваффақ, сиёсатмадорон, фаъолони иҷтимоӣ масоили мубрами ҷаҳониро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG