Ссылки доступа

Дар Афғонистон як мард бинии ҳамсарашро бурид


Мақомоти вилояти Форёби Афғонистон хабар доданд, ки сокини як деҳаи дурдасти ин вилоят бинии ҳамсарашро буридааст.

Акси ин зани бинибурида ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва хашму нафрати корбаронро ба бор овард. Фаъолони афғон талаб доранд, ки гунаҳкор ба сазои аъмолаш бирасад. Корманди бемористони вилояти Маймана хабар медиҳад, ки Резагул 18 январ ба беморхона оварда шуд. Айни ҳол бемористон талош дорад, ки ӯро барои идомаи табобат ба Туркия интиқол диҳад.

Ҳамсари 25-солаи ин зан аз деҳа фирор кардааст. Хушунат нисбати занон – дар Афғонистон як падидаи маъмулӣ шудааст. Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи вилояти Форёб, дар як соли охир дар ин вилоят хушунат нисбати занон се баробар афзудааст.

XS
SM
MD
LG