Ссылки доступа

Дар Қирғизистон далелҳои зиёди ҷалби сокинон ба Сурия ошкор шуд


Дар Бишкек давоми соли гузашта 22 далели ҷалби сокинон ба ҷангҳои Сурия ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати корҳои дохилии Бишкек Кашкар Ҷунушалиев хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта 50 далели таблиғи ақидаҳои созмони мамнуи “Ҳизби Таҳрир” ошкор шудааст. Бештар аз 90 узви гуруҳҳои гуногуни тундгаро дар пулис сабти ном ва 6 созмони тундрав ошкор гардидааст.

Тибқи иттилои охирин, дар ҷангҳои Сурия бештар аз 500 шаҳрванди Қирғизистон иштирок дорад. Бештари онҳо аз вилоятҳои Ҷалолобод ва Ӯш ба ҷанг рафтаанд. То кунун наздики 30 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG