Ссылки доступа

Вазъи иқтисоди Русия ва кишварҳои ИДМ бадтар мешавад


Бунёди байналмилалии пул (СБП) дурнамои иқтисоди Русияро бадтар пешбинӣ карда, интизори кундшавии рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ИДМ шуд.

ББП интизор аст, ки иқтисоди Русия дар соли 2016 то ба 1% коҳиш меёбад (дар гузориши моҳи октябр дар бораи коҳиши 0,6% гуфта мешуд) ва ҳаҷми рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ИДМ то 0,5 ҳисса ё то 2,3% коҳиш меёбад.

“Интизор меравад Русия, ки ба нархҳои арзони нафт ва таҳримҳои ғарбӣ мутобиқ мешавад, дар соли 2016 дар ҳоли рукуд боқӣ мемонад”, - омадааст дар шакли ислоҳшудаи дурнамои вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз сӯйи ББП 19 январ нашр шуд.

ББП бозгашти иқтисоди Русия ба ҳолати рушдро (ба 1%) дар соли 2017 интизор аст. Дар ҳамин ҳол иқтисоди кишварҳои ИДМ бидуни Русия 3,2% рушд мекунад.

ББП ба ин назар аст, ки рушди иқтисоди ҷаҳонӣ низ суст мешавад: пештар рушди 3,6% интизор мерафат, ҳоло ин рақам то 3,4% коҳиш дода шуд. Сабаби ин пойинравӣ ба “тағйири масири ҳаракати” иқтисоди Чин ва мушкилиҳо дар иқтисодҳои бузурги дар ҳоли рушд (Бразилия, Русия) ва идомаи коҳиши арзиши маҳсулот марбут аст.

XS
SM
MD
LG