Ссылки доступа

Хонуми президентро мехоҳанд “пешвои занҳои” Тоҷикистон унвон кунанд


Абдуллои Муҳаққиқ, коршиноси масъалаҳои динӣ пешниҳод кард, ки хонуми президенти Тоҷикистон Азизамо Раҳмонова “пешвои занҳои мусалмон” эълон шавад.

​ Ин пешниҳодро 19 январ хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард.

Дар баёнияи худ Абдуллои Муҳаққиқ хонуми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бо Ойишаи муқаддас муқоиса кардааст. Вай иддао дорад, ки хонуми президент нахустин зани Осиёи Марказист, ки вориди Каъба шуда, дар он ҷо намоз хондааст. Ба ин сабаб вай ба унвони эҳтиром пешниҳод дорад, ки Азизмо Раҳмонова “пешвои занҳои мусалмон” эълон шавад.

Азизмо Раҳмонова, ки дар маърази умум гаҳ-гоҳе пайдо мешавад, тобистони соли 2014 бо куртаи миллӣ шавҳарашро дар сафар ба Малайзия ҳамроҳӣ кард.

Бисёриҳо аз ин иқдоми хонуми аввали кишвар истиқбол карда, ин саволро матраҳ мекарданд, ки пас мубориза бо рӯйсарипӯшии занҳои дигар дар кишвар ба чӣ хотир сурат мегирад?

Пешниҳоди ба хонуми президент додани мақоми “пешвои занҳои мусалмон” баъд аз он сурат мегирад, ки худи Эмомалӣ Раҳмонро дар моҳи декабр бо қабули қонуни махсус бо мақоми “пешвои миллат” сарфароз карданд.

Ин мақом ӯро аз ҷавобгарӣ барои аъмолаш зимни иҷрои вазифаҳояш ва ҳатто баъд аз барканориаш озод мекунад. Вай ҳамчунин баъд аз анҷоми ваколати президентӣ нуфузи худро ҳифз мекунад. Мухолифони додани ин мақом ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамакнун додани мақоми “пешвои занҳо” ба хонумаш ба ин назаранд, ки ин боз як қадам ба сӯйи роҳандозии шахсиятпарастӣ дар Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG