Ссылки доступа

Қотили гаравгонҳои ғарбӣ маҳв карда шуд


Гурӯҳи террористии ДИИШ кушта шудани узви худ Муҳаммад Эмвазиро тасдиқ кард.

Ин ҷангӣ дар тамоми ҷаҳон барои қатли гаравгонҳои ғарбӣ бо лақаби “ҷиҳодӣ Ҷон” маъруф шуда буд.

Дар хабари нашршудаи созмони ифротӣ дар маҷаллаи интернетӣ гуфта мешавад, Эмвазӣ дохили мошине буд, ки 12 ноябр аз зарби мушаки аз ҳавопаймои бесарнишин партобшуда кушта шуд. Дар моҳи ноябри соли гузашта намояндагони Пентагон хабар дода буданд, ки эҳтимолан Эмвазӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст. Гуфта шуда буд, ки ниҳодҳои махсуси амрикоӣ ва бритониёӣ мошинеро ошкор кардаанд, ки дар дохилаш ин қотил қарор дошт. Ин ҳодиса дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Раққа, ки пойтахти ғайрирасмии ДИИШ дониста мешавад, сурат гирифтааст.

Хабарнигори 40-солаи амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ, ки соли 2012 дар Сурия ба асорат афтода буд, нахустин қурбонии расмии Эмвозӣ буд. Навори видеоӣ, ки дар он гӯянда бо лаҳҷаи бритониёӣ марди амрикоиро сар мебурад, соли 2014 пайдо шуд. Дертар аз дасти вай ду амрикоӣ, ду бритониёӣ, як хабарнигори ҷопонӣ ва чанд гаравгони дигар кушта шуданд.

Муҳаммад Эмвозии 27- сола зодаи Қувайт аст, ки дар шашсолагӣ ҳамроҳи волидайнаш ба Бритониё муҳоҷират кардааст. Вай дар минтақаи Кенсингтони Шимолии Лондон ба воя расидааст. Ба навиштаи хабаргузории France-Presse, дар солҳои ахир ниҳодҳои махсуси Бритониё дар ин минтақа шабакаи пинҳонии ифротгароёнро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG