Ссылки доступа

Лавров ва Ҷон Қеррӣ масъалаҳои Сурия, Украина ва Эронро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар Сюрих вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мулоқот мекунанд.

Ҷонибҳо вазъият дар Сурия, Украина, Эрон ва дар нимҷазираи Куриёро баррасӣ мекунанд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов ба ТААС гуфт, ки Лавров ва Ҷон Керрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дуҷониба миёни Русия ва ИМА-ро низ муҳокима хоҳанд кард. Аммо таваҷҷӯҳи бештар ба Сурия мешавад, зеро 25 январ дар Женева музокироти сулҳ дар Сурия оғоз хоҳад шуд.

Баргузории ин музокирот дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ пешбинӣ шудааст. Тибқи ин ҳуҷҷат дар тӯли шаш моҳи баъд аз оғози музокирот бояд ҳукумати интиқолӣ таъсис дода шаваду таҳияи Қонуни нави асосӣ шурӯъ гардад. Баъдан, на дертар аз 18 моҳ бояд “интихоботи озод ва шаффоф” сурат гирад. Ин ҳуҷҷат ҳамчунин роҳандозии оташбас баъд аз оғози раванди ислоҳоти сиёсӣ аз сӯйи ҳукумат ва мухолифонро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG