Ссылки доступа

Дар Қирғизистон рӯйхати ҷашнҳо кам карда шуд


Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯйхати ҷашнвораҳои сатҳи миллӣ барои соли 2016-ро тасдиқ кард.

Ба ин феҳраст 25-умин солгарди истиқлолияти Қирғизистон, 100 солагии ҳодисаҳои соли 1916, 220 солагии Тайлак баатир, 90 солагии ташкили Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ ворид шудааст. Таҷлили 1000 солагии муттафакири бузург Жусуп Баласагин маъракаи дорои сатҳи байналмиллалӣ унвон мешавад.

Пештар гузориш шуда буд, ки ҳукумат шакли маросимҳои ҷашниро бозбинӣ карда, бештар ба баргузории ҳодисаҳои таърихӣ ва аҳамиятдошта дар ҳаёти мардум ва кишвар таваҷҷӯҳ мекунад.

Ба ҷуз аз ин, барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Соли таърих ва фарҳанг, ки аз сӯйи раиси ҷумҳури кишвар эълон шудааст, бо қарори ҳукумат мудирияти давлатӣ ташкил шудааст, ки барои таҳияи барномаи маросимҳо вазифадор мешавад.

XS
SM
MD
LG