Ссылки доступа

СММ: ҳазорон нафар дар Ироқ бардаи ДИ ҳастанд


Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" наздики 3 ҳазор нафарро дар Ироқ ба ҳайси барда ё ғулом нигаҳдорӣ мекунад, хабар медиҳад СММ.

Миёни онҳо занон ва кӯдакон низ ҳастанд, гуфта шудааст дар гузориши Барномаи кумаки СММ дар Ироқ ва Раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон.

Ин амали тундгароён ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи инсоният ва ё ҳатто наслкушӣ аст, гуфта шудааст дар гузориш. "Давлати исломӣ" то кунун бардагии шаҳвонии занону кӯдаконро идома медиҳад, зикр шудааст дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол муаллифон менависанд, ки ҳам нерӯҳои давлатии Ироқ ва ҳам неруҳои мусаллаҳи "пешмаргаи" Курдистони Ироқ низ сокинони осоиштаро рабудаанду куштаанд. Дар гузориш омадааст, ҳадди ақал сокиноне, ки ҷонибдори "Давлати исломӣ" пиндошта мешуданд ва ё бо онҳо рабте доштанд, қурбони интиқомҷӯии нерӯҳои давлатӣ ва ё гуруҳи "пешмарга" гаштаанд. Бар асоси ин гузориш, аз моҳи январи соли 2014 то октбяри соли 2015 дар Ироқ дар натиҷаи хушунат наздики 19 ҳазор сокини осоишта кушта ва бештар аз 36 ҳазор маҷруҳ шудаанд.

Ин маълумотҳоро СММ дар асоси шаҳодати қурбониён, ки шоҳиди поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Ироқ буданд, гирд овардааст.

XS
SM
MD
LG