Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон дубора ваъдаи боло бурдани маошро доданд


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, маоши кормандони буҷавӣ ва нафақаи шаҳрвандон аз 1 июл боло бурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, ба далели буҳрон, коҳиши воридоту содирот қарор дар бораи боло бурдани маош ва нафақа дар соли гузашта ба таъхир уфтод.

"Аммо ин иқдом барои ҳукумати Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад. Муҳайё кардани шароити хуби зиндагӣ - ҳадафи олии ҳукумат ва президент аст. Аз 1 июл марҳилаи навбатии боло бурдани маош шуруъ мешавад. Моҳонаи кормандони мақомоти ҳукуматӣ ва идораи давлатӣ, кормандони мақомоти қудратӣ 15 дарсад боло бурда мешавад, маоши кормандони бахши маориф ва тандурустӣ бошад то 20 дарсад ва кормандони бахши иҷтимоӣ то 25 дарсад боло бурда хоҳад шуд", - гуфт президент.

Президент ҳамчунин гуфт, маоши ҳадди ақал дар кишвар аз 250 сомонӣ то 400 сомонӣ боло бурда мешавад ва аз 20% то 30% ҳаҷми нафақа ва идрорпулӣ низ афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG