Ссылки доступа

ИМА ва Русия: гуфтушуниди Сурия тибқи муҳлат барпо мешавад


ИМА ва Русия мегӯянд, гуфтушунид миёни ҳукумати Сурия ва нерӯҳои мухолиф бо миёнаравии ҷомеаи байналмилалӣ, сарфи назар аз он ки мухолифинро кӣ намояндагӣ мекунад, моҳи оянда шуруъ хоҳад шуд.

“Мо ният надорем, ки ин гуфтушунидҳоро аз моҳи январ ба феврал гузаронем”, - гуфт вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баъди дидор бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ дар Сюрих.

Машваратҳо 25 январ таъйин шудаанд. Ба гуфтаи Лавров, қарори ниҳоиро дабири кулли СММ Пан Ги Мун қабул хоҳад кард. 18 январ СММ гуфта буд, агар абарқудратҳои ҷаҳон, амсоли Русия ва ИМА, ки барои сулҳи Сурия талош доранд, сари намояндаи мухолифин ба ифоқа нарасанд, рӯзи гуфтушунидро таъйин нахоҳад кард.

Москва ва Вашингтон ду ҷониби ин низоъро пуштибонӣ мекунанд. Ба гуфтаи котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер, агар гуфтушунид барои чанд рӯз ба таъхир афтад, “дунё ба охир нахоҳад расид”.

XS
SM
MD
LG