Ссылки доступа

Дар ҳамлаи донишгоҳи Покистон 21 нафар кушта шуд


Ҷангҷӯён дар шимолу ғарби Покистон вориди як донишгоҳ шуда, сӯи донишҷӯён тир кушоданд. Дар натиҷа 21 кас кушта, бештар аз 50 нафар захмӣ шуд.

Ин ҳамла дар хотираи бисёриҳо ҳамлаи моҳи декабри соли 2014 ба академияи ҳарбии Пешовар, ки 144 нафарро қурбон карда буд, бедор кард.

Роҳбари ҳамлаи ахир гуфт, гуруҳи вай, ки аз қаноти “Толибон”- и Покистон ҷудо шудааст, ба ҳодисаи 20 январ дар донишгоҳи Бачахони 17-километрии Пешовар даст дорад. Намояндаи толибони Покистон ҳамлаи 20 январро маҳкум карда, онро як амали “ғайриисломӣ” хондааст. Хабар дода мешавад, ки ҷангҷӯён дар ҳавои ғуборолуд аз болои деворҳо вориди саҳни донишгоҳ шудаанд. Аксари қурбоншудагон – ҷавонон ҳастанд, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекарданд. Ҳамчунин як омӯзгор кушта шудааст.

Баъди 6 соати заду хурд ҳудуди донишгоҳ аз ҷангҷӯён озод карда шуд. 4 ҷангҷӯ дар ин заду хурд кушта шуд. Сарвазири Покистон Навоз Шариф изҳор дошт, ки ҳукумати вай “барои маҳв кардани хатарҳои терроризм масъулияташро комилан ба иҷро мерасонад”.

XS
SM
MD
LG