Ссылки доступа

Қирғизистон ба Русия $37 миллион ҷуброн мепардозад


Қирғизистон бояд ба Русия барои қатъи якҷонибаи cозишномаи сохтмони неругоҳи обии “Қамбарота-1” 37 миллион доллар ҷуброн пардозад.

Дар ин бора дар ҷаласаи парлумонӣ вазири иқтисодии Қирғизистон Нурлан Содиқов хабар додааст.

Ба гуфтаи вазир, ин уҳдадорӣ дар созишнома зикр шудааст.

Содиқов афзудааст, ки сар аз соли 2013 барои сохтмони неругоҳи обии сил-сила неругоҳҳои Норини болоӣ 37 миллион доллар харҷ шудааст, ки ин маблағ бояд ба ҷониби Русия баргардонида шавад.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи байниҳукуматӣ барои сохтмони “Қамбарота-1” ва сил-сила неругоҳҳои Норини боло 20 сентябри соли 2012 дар Бишкек ба имзо расида буд. 31 декабри соли 2015 ҳукумати Қирғизистон ин созишномаро якҷониба бекор кард.

XS
SM
MD
LG