Ссылки доступа

Дар ҳамлаи Кобул ҳафт нафар кушта шуд


Дар ҳамлаи террористи маргталаб ба микроавтобуси хабарнигорон дар Кобул дастикам ҳафт нафар кушта шуд.

Зимни ҳамлаи дирӯза дар дохили микроавтобус кормандони шабакаи маҳаллии телевизионии Тулӯъ қарор доштанд.

Чанд моҳ қабл ҷунбиши «Толибон» расонаҳои марбут ба Tolo TV-ро, ки ба он чанд шабакаи телевизионӣ, махзанҳои интернетӣ ва шабакаҳои радиоӣ шомиланд, “ҳадафи низомӣ” номид. То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, ки дар пайи ин ҳамла дастикам 25 нафар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки ҳукумати кишвар дар пасманзари мавҷи хушунат талош мекунад бо “Толибон” музокироти сулҳро азсар бигирад.

Раҳбари пулиси Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ, ки дар ҳузури хабарнигорон дар маҳалли ҳодиса сӯҳбат мекард, гуфт, террористи маргталаб сари фармони мошини Toyota Corolla буд. Ин мошин моли намояндагии маҳаллии ширкати Kaboora Production мебошад.

XS
SM
MD
LG